Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аксар ҷавонон вогузории ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро баҳс мекунанд.

Аксарият аз ин амали масъулин изҳори норизоятӣ мекунанд ва онро хилофи Қонуни Асосӣ медонанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи вогузории қисмате аз қаламрави Тоҷикистонро ба ин кишвар ба тасвиб расонд.

Гуфта мешавад зоҳиран ин санад ба баҳси марзии миёни ин ду кишвар хотима гузошт ва мақомоти Тоҷикистон ҳам ин мувофақаро яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар замони истиқлол унвон кардаанд.

Зеро ин баҳс ҳанӯз аз замони Русияи подшоҳӣ, сипас Иттиҳоди шӯравӣ ва ҳамакнун Тоҷикистони соҳибистиқлол идома дошт.

Аммо оид ба ин масъала сокинони кишвар чӣ назар доранд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG