Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҳайъати эҷодии "Вечерний Душанбе"


Ҳайъати эҷодии ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” ба нишони эътироз ба шеваи кори молики иттиҳодияи эҷодии “Чархи Гардун” кори худро дар ин корхона қатъ кардааст. Гулнора Амиршоева, сардабири “Вечерний Душанбе” фишори ба онҳо эъмолшуда аз сӯи молики нашрия Акбари Сатторро далели чунин тасмим номид ва гуфт, ҳафтавор чанд моҳ боз ба баҳонаи зиёни молиаш таҳти таҳдиди басташавӣ қарор дошт. Аммо Акбари Саттор мегӯяд, “Вечерний Душанбе” баста нахоҳад шуд, балкӣ “Чархи Гардун” ҳатто таъсиси ҳафтаномаи ҷадидеро барои пойтахт бо номи “Душанбе Ситӣ” низ дар назар дорад.
“Вечерний Душанбе” ҳанӯз соли 1968 таъсис ёфта, аз соли 1999 аз ҷониби иттиҳодияи эҷодии “Чархи Гардун” нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG