Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Риш барои як гурӯҳ ҷанбаи динӣ дорад ва аммо барои гурӯҳи дигар ин як навъ тарғибу пайравӣ ба афроди саршиноси ҷаҳонӣ ва дӯстдоштаи онҳо аст.

Ба ҳар ҳол, боз ҳам миёни ин 2 гурӯҳ фарқ гузоштан мушкил нест. Чун онҳое, ки риш монданро суннат медонанд, аксаран риши расида ва ними рухсораро ниҳон карда доранд, аммо ҷавонони ба қавле замонавӣ, бештар бо риши борику паст ва дар шаклҳои мухталиф ороишдодашуда, фарқ мекунанд.

Боздошт ва бозпурсии теъдоде аз сокинон, ба хусус ҷавонони ришдори Тоҷикистон дар ин авохир аз сӯи мақомоти интизомӣ таваҷҷӯҳ ба мавзӯи ришро шабеҳи 20 соли пеш дубора афзудааст. Ва имрӯз нигаронӣ аз афроди ришдор бештар ба нооромиҳои ахири шарқи Тоҷикистон иртибот мегирад, ки дар он минтақа аксари ҷангҷӯёни мухолифи давлат риши дароз доштанд. Ва сояи амали он ҷангҷӯён болои афроде афтид, ки аксарият танҳо ба хотири анҷоми сунннати паёмабари ислом риш гузоштаанд.

Солҳои ахир риши исломӣ миёни ҷавонон низ хеле маъмул шудааст, ҳатто теъдоде ришҳои дароз мегузоранд ва қайчӣ намезананд.

Аммо дар гузаштаи начандон дур мардҳои Тоҷикистон маъмулан замони бузургсолӣ риши исломӣ мегузоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG