Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони қирғизро масъули ошӯбҳои қавмӣ хонданд


Куммиссиюни таҳқиқи ошӯбҳои хунини моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон мегӯяд, мақомоти давлати вақт аз имкони сар задани ин ошӯбҳо дарак дошт, вале коре накард. Раиси ин ниҳод Абдулғанӣ Эркабоев имрӯз ба парлумон гуфт, вазири собиқи умури дохилӣ, вазири дифоъ, раҳбари хадамоти амният ва додситони кулл низ бояд масъули ин ошӯбҳо шинохта шаванд.
Бархе аз ин афрод то ҳол мақоми худро ҳифз кардаанд.
Дар моҳи июн дар ҷараёни даргириҳо байни узбакҳову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод беш аз 400 нафар, ағлаб узбакҳо, кушта шуданд. Кумиссиюни таҳқиқотӣ ҳафтае пеш гуфт, дар паси ин ошӯбҳо раҳбарони маҳаллии узбакҳо ва пайвандони раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев истода буданд.
XS
SM
MD
LG