Пайвандҳои дастрасӣ

Фатвои ҷадиди муфтиёти Чеченистон


Раҳбарони рӯҳонии ҷумҳурии Чеченистони Русия фатво додаанд, ки кулли домоду арӯсҳо бояд қабл аз издивоҷ аз ташхиси HIV, ангезандаи бемории қаттоли AIDS гузаранд. Дафтари матбуоти муфтиёти Чеченистон гуфт, ҳар арӯс ё домоди оянда бояд ҳатман санади тиббӣ дошта бошад, ки аз HIV пок будани бадани ӯро таъйид кунад. Фатвои муфтӣ ҳукми қонунӣ надорад, вале ин фатвоҳо маъмулан ба далели обрӯи муфтӣ Султон Мирзоев ва иртиботи наздикаш бо раҳбари маъмурияти рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров иҷро мешаванд. Муфтиёти Чеченистон қаблан ҳам ҷиҳати бастани тамоми ошхонаҳо дар моҳи Рамазон ва таъқиби занони берӯймол аз сӯи афроди мусаллаҳ фатво дода буд.
XS
SM
MD
LG