Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Театри озоди Беларус ба Амрико даъват шудааст


Як театри Беларус, ки ҳунармандонаш таъқибу боздошт мешаванд, барои ҳунарнамоӣ ба Чикагои Амрико даъват шудааст. Театри озоди Беларус дар моҳи феврал барои як моҳ меҳмони The Goodman Theatre хоҳад шуд. Сарнавишти ҳунармандони ин театр мояи нигаронии ҷомиаи театрии Амрико шудааст. Ҳунармандон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои рӯзи 19 декабр алайҳи пирӯзии Аляксандр Лукашенка дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.
The Goodman Theatre намоишномаҳои Театри озоди Беларусро “муассир ва таккондиҳанда” унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG