Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи 7-баллӣ дар ҷанубуғарби Покистон


Як заминларзаи шадид шоми дирӯз ҷанубуғарби Покистонро таккон дод, вале бино ба хабарҳо, кадом хисороти ҷиддие ба бор наовардааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳазорон нафар баъди заминларза шабро дар берун рӯз карданд. Дафтари заминшиносии Амрико мегӯяд, зилзилае, ки 7,2 балл шиддат дошт, дар шаҳри Далбандин, воқеъ дар наздикии марзи Афғонистон, рух додааст. Дар соли 2005 бар асари як зилзилаи 7,6-баллӣ дар Покистон беш аз 7000 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG