Пайвандҳои дастрасӣ

12 кушта дар як таркиши интиҳорӣ дар Бақуба


Таркиши интиҳорӣ дар Ироқ имрӯз мунҷар ба ҳалокати дастикам 12 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 50 тани дигар шуд. Мақомот мегӯянд, маргталаб мошини бомбгузоришудаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро дар шаҳри Бақуба, 60-километрии шимолушарқи Бағдод, болои як маркази тамринии пулис ронд. Ин дуввумин ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар Ироқ дар 2 рӯзи охир аст. Дирӯз бар асари ҳамла ба як маркази истихдоми маъмурони пулис дар шаҳри Тиқрит беш аз 50 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG