Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба хабарнигори афғон Раззоқи Маъмун


Хабарнигори маъруфи афғон Раззоқи Маъмун шоми сешанбе дар Кобул дар даромадгоҳи манзилаш ҳадафи ҳамлаи як нафари ношинос қарор гирифтааст. Раззоқи Маъмун мегӯяд, ҳамлагар ба рӯи ӯ як шиша тезоб, ё кислотаро ҳаво дод.
Бо шарофати айнаке, ки дошт, чашмони Раззоқи Маъмун осеб надида, вале ӯ аз ноҳияи рӯяш ҷароҳати зиёд бардошта ва феълан таҳти табобат қарор дорад. Ба бовари хабарнигор, дар паси ин ҳамла ғолибан онҳое истодаанд, ки дар пайи нашри китоби “Радди пои фиръавн” чандин бор ба ӯ паёмҳои таҳдидомез ирсол карданд. “Радди пои фиръавн” таҳқиқотест дар бораи мудохилоти Эрон дар масоили Афғонистон.
Раззоқи Маъмун то соли 2006 дар Радиои Озодӣ кор мекард ва феълан сардабири хабаргузории “Бостон нюз” мебошад.
XS
SM
MD
LG