Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби коммунист рӯ ба ҷавонон меорад


Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 2011-ро Соли ҷавонгароӣ дар ин ҳизб унвон кардааст.

Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ, 35 дарсади аъзои ин ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар 70 соли шӯравӣ ягона ҳизби сиёсӣ буд ва мардум хоставу нохоста аз он пайравӣ мекарданд. Ва он худро нерӯи пешбаранадаи ҷомеа, пуштибони мардуми коргар, дастгири камбағалон ва таблиғгари баробарии аъзои ҷомеа буд.

Дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳизби коммунист дар Тоҷикистон эътибору нуфузи худро аз даст дод. Аммо бо ин ҳам, имрӯз ин ҳизб баъд аз ҳизби ҳокими халқ-демократӣ ва ҳизби наҳзати исломӣ, саввумин ҳизби бонуфуз дар кишвар ба шумор меравад.

Ба гуфтаи раёсати ҳизби мазкур, тайи солҳои ахир обрӯи он дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа боло рафтааст ва шумори пайравони он то 45 000 нафар расидааст, ки як бахше аз онҳо ҷавононанд. Танҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2010 тақрибан 200 нафар ҷавон ба сафи ҳизб пайвастааст.

Азиза ва Нигина ахиран ба узвият дар ин ҳизбро пазируфта шуданд. Нигина мегӯяд: «Ман дар маъракаҳои интихоботи ин ҳизб иштирок кардам. Барномаҳояшон дар бораи зарурати боло бурдани маоши омӯзгорон, табибон ба ман маъқул шуд».

Азиза мегӯяд: «Вақте шӯравӣ буд, ҳама бепул буд. Зиндагӣ хуб буд, мардум нон меёфт, мехӯрд. Деҳқон қадр дошт».

Маъруфияти Ҳизби коммунист дар Кӯлоб

Ба гуфтаи масъулини ҳизби коммунист, ба фарқ аз шаҳри Душанбе, таваҷҷӯҳи ҷавонон дар Кӯлобу Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин ҳизб бештар будааст. Дар минтақаи Кӯлоб 70 дарсади пайравони ҳизб ҷавонон будаанд. Вале ҳамзамон пайкараҳои Ленин, ки дар аксар кӯчаву марказҳои ин минтақа гузошта шуда буд, кайҳо барканда шудаанд.

Савсангул Ҷонова, сокини шаҳри Кӯлоб, 3 сол пеш узви Ҳизби коммунист шудааст. Ӯ мегӯяд, даврони ширини кӯдакиаш дар замони шӯравӣ гузаштааст ва ормонҳои он замон, низоми ройгони таълиму тарбия ӯро ба ин ҳизб овардааст.

Дар ҳоле, ки дар замони шӯравӣ аксаран афроди фаъолу донишманд ва мансабдорон ба узвияти ин ҳизб пазируфта мешуданд, имрӯз ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист, дар сафи онҳо соҳибкорону муҳоҷирон деҳқонон ва мардикорони бозорҳои дохили кишвар ҳам дида мешаванд.

Аз нодорӣ рӯ ба коммунизм

Омили аслии таваҷӯҳ зоҳир намудани ҷавонон ба ҳизби коммунистро дар солҳои ахир Шодӣ Шабдолов раҳбари ин ҳизб ба мушкилоти иҷтимоии мардум марбут медонад. Вай гуфт, вазъи бади иҷтимоӣ ҷавононро водор мекунад, ки аҳдофи Ҳизби коммунистро мақсади хеш қарор диҳанд.

Ӯ гуфт: «Ҷавонон диданд, ки дигар афсонаи демократӣ дурӯғ аст. Афсона бас аст. Ҷомеаи сармоядорӣ ба дарди мардум намехӯрад. Ҷомеаи сосиалистӣ ба дарди мардум мехӯрад.»

Ҳизби коммунист дар даврони шӯравӣ созмони пионерӣ ва комсомолӣ дошт. Дар он замон ҳар сол 22-юми апрел дар рӯзи зодрӯзи Ленин - доҳии коммунистҳо, чорабиниҳо баргузор мешуд. Пионерҳо савганд хӯрда, гарданбанди сурхи пионерӣ мебастанд.

Акнун ба ҷои ин гарданбандҳои сурх, ҳоло дар мактабҳои миёна хонандаҳо гарданбанди дорои рамзу рангҳои парчами Тоҷикистонро дар бар доранд ва узви ташкилотҳои «Ахтарон»-у «Сомониён»-анд.

Шодӣ Шабдолов мегӯяд: «Вақте фарзандони худамон галстуки сурх мебанданд, ба мактаб мераванд, мегӯянд, ки чаро галстуки ранга намебандед. Онҳо бо галстуки сурх дар мактаб роҳ намедиҳанд. Биноҳои созмонҳои моро фурӯхтанду дискоклуб карданд. Ин ҷойҳо барои машғулиятҳои расмкашӣ, мусиқиву тафреҳӣ барои ҷавонон буданд. Ҳамаро «Ахтарон» ва «Сомониён» карданд».

Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам соли 2010-ро ҷавонгароии ҳизбҳои худ эълом кардаанд. Аммо ба назари гурӯҳи дигари ҷавонон, баръакс ормону ақидаҳои ҳизби коммунистӣ дархӯрди ҷомеаи имрӯз нест ва ин ҳизб ҳам натавонист ба ҷомеаи имрӯз худро мутобиқ кунад. Ин гурӯҳи ҷавонон баракс Ҳизби коммунистро аксаран ҳизби калонсолон унвон мекунанд ва мегӯянд ба афзоиши таваҷҷӯҳи ҳамсолонашон ба ин ҳизб чандон бовар надоранд.

Эраҷи Амон як ҷавони тоҷик мегӯяд, ҳизби мазкур барои беҳбуди насли ҷавон ягон иқдоме пеш нагирифтааст ва ба «балегӯи ҳизби ҳоким» табдил ёфтааст.

Абуалӣ, ҷавони дигар мегӯяд, дар замонӣ шӯравӣ пайвастан ба ин ҳизб имтиёзу ҳавасмандӣ дошт ва ҷавононро ба худ мекашид, аммо имрӯз аксари ҷавонон хоҳиши пайвастан ба ин ё он ҳизбро надоранд, вале ғолибан дар пайи таблиғоту даъватҳои иҷборӣ ба сафи ҳизбҳо мепайванданд. Дар ин маврид ҳам ӯ ҳадс мезанад, ки ҷавонон бо тавсиаи омӯзгорони коммунистӣ худ пайравии ин ҳизб мешавнд, на бо ташаббуси инфиродӣ. «Ман ба ин бовар надорам чаро, ки ҲКТ идеяи аттеистӣ дорад боз»

Аммо Шодӣ Шабдлов мегӯяд, ки ақидаҳои коммунистии Ленинро дуруст дарк накардаанд. ҲКТ аъзои мазҳабиро низ қабул дорад.

Таҳлилгар: «ҲК оянда надорад»

Аммо сиёсатшиносон бар инанд, ки дар Тоҷикистон солҳои ахир фаъол нишондодани фаъолияти ҳизбҳо ва афзоиши аъзоёни ҷавон, як навъ маъмул шудааст, ки ин бештар хислати таблиғотӣ дорад. Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар ин зимн ва роҷеъ ба фаъолияти ҳизби комунист меафзояд:

«Фикр мекунам, ки обрӯй ва эътиборе, ки ҲКТ дошта метавонист, он низ метавонад дар ҷомеа зиёд бошад. Вале, худи шахсияти Шодӣ Шабдолов ва нафароне, ки дар ин ҳизб солҳои охир пешво ҳастанд, онҳо низ барои ҷомеаи Тоҷикистон қобили таваҷҷӯҳ буда наметавонад. Ҳарчанд, ки иделогияи коммунисти ва сосиалитсӣ, албатта метавонад барои ҷавонон ва ҳатто дигар қишрҳои аҳолӣ, яъне аз 30 солахо боло қобили таваҷҷӯх бошад. Аммо, фикр мекунам, ки оморе, ки онхо мегӯянд, ки ҷавонони зиёд ба онҳо мепайвандад, ин як амали тарғиботӣ аст, эҳтимолан барои он таҳрезӣ мешавад, ки мавкеи ҲНИ-ро дар муҳити сиёсии Тоҷикистон кам кунад ва ин ба манфиати иделогҳои ҳукуматист. ҲКТ баъди 15 -20 сол тамоман аз саҳна меравад. Дар ҳоле, ки ин ҳизб метавонад аз зарфиятҳои сосиалистии замони шӯравӣ истифода кунад. Аммо намекунад"

Аммо Шодӣ Шабдлов ба ин назар бовар надорад ва мегӯяд, ки ҲК ҳеҷ вақт аз байн намеравад.

Вале Дилором Раҳматова, ҷомеашиноси тоҷик бовар дорад, ки имтиёзу шароити иҷтимоии даврони шӯравӣ дар пасманзари мушкилоти ҳаёти имрӯз метавонад як гурӯҳ ҷавононро ба ёди он солҳо барад ва пои онҳоро ба ҳизби коммунист бикашад. Аммо ҷомеашинос Дилором Раҳматова мӯътақид аст, ки ба хотираи гузаштаи хушӣ коммунистӣ афтодан ва фикри бозгашт ба он давраро кардан, ба манфиат нест.
XS
SM
MD
LG