Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷиноҳи Нарзиев ба таҳвили замин ба Чин


Як гурӯҳи сиёсӣ дар Тоҷикистон таҳвили 1100 километри мураббаъ аз хоки ин кишвар ба Чинро хилофи Қонуни асосӣ хондааст. Ҷиноҳи ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ба раҳбарии Мирҳусейн Нарзиев дар изҳороте гуфт, Қонуни асосӣ қаламрави Тоҷикистонро тақсимнашаванда ва ҷудоинопазир мешиносад ва ҳеҷ ниҳоде – на раисиҷумҳур, на парлумон ва на вазорати хориҷа- ҳаққи таҳвили бахше аз ин қаламравро надорад. Мирҳусейн Нарзиев гуфт, онҳо аз раисиҷумҳур ба унвони кафили Қонуни асосӣ хостаанд, пеши роҳи иҷрои қарордоди аломатгузории марзи Тоҷикистону Чинро бигирад.
Парлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта протоколи аломатгузории марзи Тоҷикистону Чинро тасвиб кард. Чин ба 28 500 километри мураббаъ, ё панҷяки қаламрави Тоҷикистон даъво дошт, вале дар ҷараёни музокирот розӣ шуд, дар ивази 1100 километр ба ин баҳси марзӣ нуқта гузорад.
XS
SM
MD
LG