Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интернет ва компютер тадриҷан аз василаи дилхушӣ ба дастгоҳи муоширату омӯзиши ҷавонон табдил меёбад.

Масъулони марказҳои интернетии пойтахт мегӯянд, беш аз 60 дарсади муштариёни онҳо аз ройна (компютер) ва интернет танҳо барои муошират, мукотиба ва фароғат истифода мебаранд. Феълан як соати истифода аз интернет дар ин марказҳо аз 3 то 5 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба итилоъи Вазорати маорифи кишвар, барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар соли 2008 ва 2010 - 90 дарсад иҷро шудааст. Дар охири соли гузашта, 30 000 компютер ва беш аз 4 000 дастгоҳи чоп ё принтер ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудааст. Ҳоли ҳозир, ба 22 хонандаи синфҳои аз 7 то 11 як ройона рост меояд.



Шумораи корбарони интернетро дар Тоҷикистон Бунёди ҷамъиятии интернет, ба беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар баробар мекунад. Аз ин шумор беш аз 600 000 нафар таввасути компютер ва боқимонда бо телефони мобил аз интернет истифода мекунанд.

Бино бар пажӯҳишҳо, дар Тоҷикистон 35 дарсади истифодабарандаҳо интернетро бо ҳадафи шиносои, бозӣ, тамошои филм, шунидани мусиқӣ ва амсоли ин истифода мебаранд. Ҳудуди 65 дарсади онҳо фанноварии муосирро барои кор ва мукотибаи корӣ истифода мекардаанд. Ройона бошад, дар аксар корхонаҳо ба унвони мошинаи хатнависӣ ва нашр истифода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG