Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варшава ба тақсири нозирони рус ишора мекунад


Як муфаттиши аршади Лаҳистон гуфт, рӯзи 10 апрели соли 2010 нозирони парвозҳои Русия ҳавопаймои ҳомили раиси ин ҷумҳурӣ Лех Качинскийро ҳидояти нодуруст додаанд. Бар асари суқути ин ҳавопаймо Качинский ва 95 тани дигар, ки аксар нухбагони сиёсии Лаҳистон буданд, ҳалок шуданд.
Мирослав Гроховский дар Варшава ба хабарнигорон гуфт, ҳавопаймо амалан аз масири парвоз аз 80 то 130 метр хориҷ шуда буд, вале хадамоти диспетчерӣ ба ҷои ҳушдор баръакс гуфтаанд, ки ҳавопаймо дар масири дуруст қарор дорад.
Муфаттишони Русия ҳафтае пеш дар гузориши ниҳоии худ гуфтанд, ки иллати фоҷиа бесалоҳиятии халабонҳои лаҳистонӣ ва фишори мақомоти аршади он кишвар буд, ки алорағми ҳушдорҳо ба пойин овардани ҳавопаймо исрор меварзиданд.
XS
SM
MD
LG