Пайвандҳои дастрасӣ

Латвия Лужковро ба қаламраваш роҳ надод


Вазири дохилаи Латвия вуруди шаҳрдори собиқи Маскав Юрий Лужков ба ин кишварро манъ кард. Лужков мехост дар Латвия ҳаққи иқомат бигирад. Мақомоти муҳоҷирати Латвия қаблан гуфтанд, ки Лужков бо чунин дархост муроҷиат кардааст.
Аммо вазири дохила Линда Мурниесе гуфт, баёнияҳои дар гузашта хасмонаи Лужков дар мавриди Латвия шаҳрдори собиқро аз имкони дарёфти ҳаққи иқомат дар ин кишвари соҳили Балтик маҳрум мекунад ва ӯ исми Лужковро барои ҳамеша ба рӯйхати сиёҳ шомил кардааст. Лужков дар моҳи сентябр баъди 18 соли раҳбарӣ аз мақоми шаҳрдории Маскав сабукдӯш шуд.
XS
SM
MD
LG