Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ҳукумат бе тағйироти кадрӣ поён ёфт


Tajikistan, Dushanbe city, Tajik President Emomali Rahmon during government session, 18Jan2011
Tajikistan, Dushanbe city, Tajik President Emomali Rahmon during government session, 18Jan2011

Бар хилофи интизориҳо, ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки тайи ду рӯз идома кард, бидуни тағйироти кадрӣ ба анҷом расид.

Дар ин ҷаласа танҳо гузоришҳои ҳисоботии вазирону раисони кумитаҳо шунида шуда, сипас, раиси ҷумҳур бо як суханронии нимсоата ба ин ҷаласа поён дод.

Дастгоҳ: "Дар бораи тағйирот сӯҳбат нашудааст"

Аммо тайи ду рӯзе, ки ҷаласа идома мекард, дар роҳраву долонҳои идораҳо ва дар ҳалқаҳои мухталифи сиёсию ғайрисиёсӣ масъалаи тағйироти кадрӣ мавриди гуфтугӯи гарм қарор дошт. Гуфта мешуд, ки дар ин ҷаласа тағйирот дар мақомҳои баландтарин ва дар вазоратҳои калидӣ сурат мегирад. Вале пас аз анҷоми ҷаласа дар нимрӯзи сешанбе, 18-уми январ, ҳеҷ хабаре аз барканорӣ ва ё иваз шудани кадом мансабдор пахш нашуд.

Дафтари матбуоти Дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ иттилоъ дод, ки зимни суханронии раиси ҷумҳур дар бахши кадрҳо аслан ишорае нарафта ва бар хилофи ҷаласаҳои пешин ҷараёни ин ҳамоиш тахту ҳамвор будааст.

Муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон Сайфулло Сафаров низ мегӯяд: “Хушбахтона, ин нашуд. Барои он ки ба эҳсосоти кадрҳо ва мардум бозӣ кардан ҳам хуб нест ва, албатта, дар ҷараёни кор ва рӯзҳои маъмулӣ тағйироти кадрӣ сурат хоҳад гирифт.”

Нигарониҳо аз ҷинояткорӣ ва терроризм

Дар ин ҷаласаи солонаи ҳукумат бахши аъзами суханронии раисҷумҳури Тоҷикистонро вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва бахши дигарашро мавзӯи афзоиши терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта дар Тоҷикистон фаро мегирифт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2010 дар Тоҷикистон сатҳи ҷурму ҷиноят, ба вижа, амалҳои террористӣ, куштор, таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, ғоратгарӣ рӯ ба боло ниҳодааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти қудратӣ даъват ба амал овард, ки дар роҳи ошкор кардани фармоишгарон ва шабакаҳои маблағгузори гурӯҳҳои террористӣ фаъолтар шаванд. Барои нахустин бор раисҷумҳур аз ҷиноятҳое ба мисли тундгароӣ, терроризм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун ҷиноятҳои муосир ёдовар шуд.

Ҳамчунин аз раванди пайвастани ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки аз 3 ҳазор ҷавону наврасе, ки дар мактабҳои ғайриқонунии мазҳабии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, то кунун 924 нафар ба Ватан баргаштаанд.

"Ҳама чиз ба сиёсати кадрӣ рабт дорад"

Вале ба қавли Ҳикматулло Саидов, раиси Ҳизби сабтиномнашудаи “Ваҳдат”, нигарониҳо ва ташвишҳои аз ҳад беши ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди вазъи амният, таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ва мушкилиҳои иқтисодӣ ба сиёсати кадрии президент рабт мегирад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “мутахассиси шоиста метавонад соҳаро ҳамаҷониба тақким бахшад ва низому тартибро бар ҷой дошта бошад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар суханронии худ аз мушкилиҳои давомдори ҷомеа дар бахши содироту воридот ва мамониатҳо дар бахши ҷалби сармояи хориҷӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар ва вуҷуди коррупсия таъкид кард.

Ба қавли таҳлилгарон тақрибан дар ҷаласаҳои пешини ҳукуматӣ дар солҳои гузашта низ дар суханрониҳои худ раисҷумҳур рӯи ҳамин мушкилот ишора мекард.
XS
SM
MD
LG