Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти вижа барои боздошти гурӯҳи Маҳмадкарим Иброҳимов аз сӯи нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҷараён дорад.

Абдуғаффор Амонов, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тоҷикобод, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи дастуроти вазорати корҳои дохилӣ, умури тафтишотӣ дар ин ноҳия барои безарар кардани ин гурӯҳ, ки аз боқимондаҳои гурӯҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ аст, сурат мегирад ва дар миёни аҳолӣ низ умури фаҳмондадиҳӣ идома дорад.



Аммо ҷаноби Амонов ҳар гуна амалиёти мусаллаҳона ва ё даргирӣ алайҳи ин гурӯҳро, ки дар гузашта бо гурӯҳи Абдулло Раҳимов, мулаққаб бо Мулло Абдулло робита доштаастро рад кард.

Ба таъкиди вай, ин гурӯҳ он қадар зиёд набуда 5—6 нафарро ташкил медиҳад, ки дар урдугоҳҳои махсус дар Афғонистон ва Покистон таълим дидаанд ва онҳо мақсад доранд, ки вазъият дар минтақаи шарқро ноором созанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт низ амалиёти фаврӣ—ҷустуҷӯӣ алайҳи гурӯҳи Маҳмадкарим Иброҳимовро таъид карданд ва гуфтанд, ки полковник Мустафо Рустамов, сардори ин раёсат ва дигар аз неруҳо ба ноҳияи Тоҷикобод сафарбар шудаанд.

Аммо то чӣ замоне амалиёт барои ошкор ва безараргардонии гурӯҳи Маҳмадкарим Иброҳимов, мулаққаб ба «Камол», идома хоҳад кард, аз масъулон дар раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт ва ноҳияи Тоҷикобод дар ин робита чизе намедонанд.

Зимнан, ба гуфтаи масъулони раъсати корҳои дохилии минтақаи Рашт, Маҳмадкарим Иброҳимов зодаи деҳаи Муллотемури ноҳияи Тоҷикобод буда, соли 1975 таваллуд шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG