Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё Толибони Покистонро манъ мекунад


Бритониё ҷиҳати манъи Таҳрики Толибони Покистон ҳамчун гурӯҳи террористӣ иқдом кардааст, ки иртибот бо ин созмон ё таъмини молиаш дар қаламрави Бритониёро мамнӯъ мекунад.
Таҳрики Толибони Покистон, як гурӯҳи марбут ба шабакаи Ал-Қоида, бузургтарин эътилофи ҷангист, ки дар шимолуғарби Покистон асос ёфтааст. Ин гурӯҳ масъулияти чандин ҳамлаи хунин дар Покистонро бар дӯш гирифта, соли гузашта таҳдид карда буд, ки дар Амрикову Аврупо низ чунин ҳамлаҳо анҷом хоҳад дод. Вазири дохилаи Бритониё Тереза Мей гуфт, Толибони Покистон бар асоси Қонуни терроризм манъ хоҳад шуд.
Ин тарҳ бояд аз сӯи парлумон ҳам тасвиб шавад. Қарор аст, парлумони Бритониё имрӯз ба баҳси мавзӯъ шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG