Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониёни ҳамлаи Тиқрит аз 50 гузашт


Таркиши маргталабона дар шаҳри Тиқрити Ироқ, 130-километрии шимоли Бағдод, дастикам 50 нафарро кушта ва ҳудуди 150 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Ба гуфтаи мақомот, маргталаб худро дар назди дафтари пулис дар байни издиҳоме тарконд, ки ба хотири пайдо кардани ҷои кор дар нирӯҳои амниятӣ ҷамъ шуда буд. Аксари қурбониён онҳое буданд, ки ба хотири кор дар ин ниҳодҳо навбат мепоиданд. Ҳамлаи Тиқрит хунинтарин ҳамла дар Ироқ аз таркиши 31 октябр дар калисои Бағдод буд, ки мунҷар ба ҳалокати 53 нафар шуд.
Нуқтаи олии хушунатҳо дар Ироқ ба солҳои 2006 ва 2007 рост омада, баъдан фурӯ нишаст, вале тирандозиву бомбгузориҳо як рӯйдоди ҳаррӯза боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG