Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари таърихии раҳбари Чин ба Амрико


Раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао вориди Вошингтон шуд. Ин боздиди Ҷинтао муҳимтарин нишасти сарони Амрикову Чин дар 30 соли охир, аз замони сафари раҳбари вақти Чин Ден Сяопин ба Вошингтон арзёбӣ мешавад. Қарор аст, имрӯз Барак Обама ва Ҳу Ҷинтао масоили касри тиҷорати Амрикову Чинро баррасӣ кунанд. Вошингтон каср дар ин тиҷоратро натиҷаи сиёсати Пкин дар таъйини қурби юан медонад. Дар мусоҳибаҳояш бо матбуоти Амрико, Ҷинато хостори хатми шеваи равобити замони Ҷанги сард ва оғози шеваҳои ҷадиди ҳамкорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG