Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳгузар: "Оянда иттифоқ намеафтад, ояндаро месозанд."


Раҳгузар аз Роҳ
Раҳгузар аз Роҳ

Блогнависи нави мо Раҳгузар, зоҳиран ба роҳи кишвари худ бо диққати тамом менигарад ва инак, дар ҳоле ки аз роҳ мегузарад, қадам мезанад, навиштаи тозае ба мо фиристод.

Аз гуфтаҳои коршиносон бармеояд, ки гурӯҳе тағйири мақомдорони бахши иқтисодиро лозим медонанд ва бархе дигар масъулони бахши амниятиро.

Тайи солҳои ахир мушоҳида шуд, ки раҳбарони ин бахшҳо натавонистанд, масъулияти худро ба таври бояду шояд анҷом бидиҳанд.

Аммо наметавон танҳо онҳоро масъул донист. Зеро иштибоҳ дар интихоби чунин афрод аз ҷониби раҳбарият аст. Шахсе ки ба ин афрод солҳои тӯлонӣ эътимод кардаву онҳоро вогузоштааст ва онҳо дар кору равиши ин ниҳодҳо тасмиму ислоҳоти ҷиддиеро пайгирӣ накардаанд. Интихобкунандаи онҳо бояд инсоншинос бошад ва ҳадафмандона афроди мутахассису ботаҷрибаро дур аз таассубу манфиатҳои шахсӣ барои натиҷаҳои хуб баҳри пешрафти миллату кишвар интихоб кунад.

Ин ҳол танҳо замоне даст медиҳад, ки интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ба таври шаффоф ва бо назардошти манфиати халқ ҷараён гирад. Ҳар гоми бардоштаи муваззафшуда чи зиён бошад вачи фоида бояд дар мадди аввал манфиати мардумро дар назар дошта бошад. Зеро зиён танҳо шахси фарди муваззафшуда ва муваззафкардаро дар бар намегирад.

Бо назардошти ин ҳама заъфи сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ,
мутаассифона, ҳанӯз ҳам раҳбарияти мо майл ба як талоши ҷиддӣ барои беҳбуди вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварро натавонистааст роҳандозӣ кунад.

Ҳукумати мо аз мухолифонаш метарасад, ҳол он ки онҳо ҳам манфиати умумро мехоҳанд. Набояд пиндошт, ки ояндаи хуб худ аз худ иттифоқ меафтад, балки ояндаро месозанд. Сохтани ояндаи як ҷомеаи пур аз дигарандешӣ ба мабнои якфикрӣ, амрест маҳол. Набояд фаромӯш кард, ки бедуни тағйир пешравӣ мешавад. Пешравии комил низ дар асоси орои мунаққидон ва мухолифон сурат мегирад. Гӯш додан ва эҳтиром гузоштан ба гуфтаҳои онҳо боиси тараққии сиёсӣ ва иқтисодӣ мегардад. Бояд ба аҳзоби сиёсӣ маҷол фароҳам кард ва аз барномаҳои онҳо низ барои пешбурди ҷомеа ҳимоят кард. Ин аз мантиқ дур аст, ки як ҳизби сиёсии кишвар, ки фаъолияташ расмист, ҳадафаш аз байн бурдани ин миллату кишвар бошад.

Вале, мутаасифона, шахсоне, ки сиёсати моро месозанд, ба адолати иҷтимоӣ эҳтиром намегузоранд. Аз ҷониби дигар фарҳанги истеъфо дар кишварҳои Осёи Марказӣ, аз ҷумла дар кишвари мо то ҳанӯз шинохта нашудааст. Мебояд шахсони нафақахӯре, ки солҳо аст, дар сатҳи болои ҳукумат қарор доранд, ҷойҳои худро қабл аз ин, ки маҷбуран барканор шаванд, бо дархости расмӣ худашон холӣ кунанд ва навбатро ба дигарон диҳанд.

Бе тағйир на танҳо пешрафт, балки оянда низ номумкин аст.
XS
SM
MD
LG