Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузории интиҳории хунин дар Тиқрит


Бар асари таркиши маргталабона дар Ироқ дастикам 30 довталаби кор дар пулис кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Пулис мегӯяд, маргталаб худро дар байни издиҳоме тарконд, ки ба хотири пайдо кардани ҷои кор дар нирӯҳои амниятӣ дар як дафтари пулис дар Тиқрит, 130-километрии шимоли Бағдод ҷамъ шуда буд. Аксари қурбониён довталабони кор дар ин ниҳодҳо будаанд. Нуқтаи олии хушунатҳо дар Ироқ ба солҳои 2006 ва 2007 рост омада, баъдан фурӯ нишаст, вале тирандозиву бомбгузориҳо як рӯйдоди ҳаррӯза боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG