Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Атовулло Рақибовро аз дафтари омбудсмен бурдаанд


Мақомоти милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов ва аҳли хонаводаи ӯро, ки дар назди дафтари кори омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода гуруснанишинӣ мекарданд, боздошт кардаанд.
Атовулло Рақибов, ки алайҳи тахриби манзилаш дар рустои Заркамари Файзобод чандин бор эътироз кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш шабро дар ҳамин дафтар рӯз карданд.
Мақомоти Файзобод манзили Рақибовро дар соли 2009 тахриб ва дар иваз ба ӯ порчаи нави заминро ваъда кардаанд. Вале ӯ мегӯяд, маблағи сохтмони хонаи навро надорад.
XS
SM
MD
LG