Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Назриев: "Вогузории замин ба Чин хилофи Қонуни асосист"


Ҳизби сотсиалистии ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев хостори бозбинии созишномаи марзии Тоҷикистону Чин шудааст.

Он вогузории беш аз 1000 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро маҳкум ва онро хилофи Қонуни асосӣ донистааст.

Ин ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистӣ дар баёнияи худ, ки рӯзи 18-уми январ пахш кард, менависад, “шеваи тағйир додани тамомияти арзии кишварро Қонуни асосии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст.”

Дар ин баёния аз ҳарфҳои Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки мувофиқаи марзӣ бо Чинро яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷӣ дар замони истиқлол арзёбӣ карда буд, низ интиқод шудааст.

“Ҳизби сотсиалист амали ҷаноби Ҳамроҳхон Зарифиро на ин, ки тантанаи дипломатияи кишвар, балки шикасти дипломатияи ҳукумат ҳисобида, аз раиси ҷумҳур давъат мекунад, ки чораҳои оҷилу муносиб андешад”,-гуфта шудааст дар ин баёния.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарордод миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи вогузории қисмате аз қаламрави ин кишвар ба Чинро ҳафтаи гузашта ба тасвиб расонд.

Гуфта мешавад, ин санад ба баҳси марзии миёни ин ду кишвар хотима гузошта, як нигаронии амниятиро хунсо кардааст.

Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ вогузории қисмате аз қаламрави кишвар дар ихтиёри Чинро барои Тоҷикистон “судовар” хонд.

Вай гуфт, “давлати Чин бо он қудрате, ки дорад, метавонист барои гирифтани замин иҷоза напурсад ва мустақим то Хоруғ биёяд.”

Аммо ҳамон гунае, ки оқои Шарифов гуфт, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифта, аз 28,5 ҳазор километри мураббаъ, вогузории беш аз ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро муайян кардааст.

“Чунин меҳисобам, ки мо амният дар марзамон бо Чинро барои даҳсолаҳои оянда таъмин кардем. Мо аз ин дарди саре, ки аз ҷониби Чин доштем, халос шудем. Аммо дар таъйин ва аломатгузории хутути марз бо Узбакистон ва Қирғизистон мушкиле хоҳем дошт”-афзуд Сӯҳроб Шарифов.

Тасвиби созиши вогузории 3% замини даъвоӣ ба Чин
XS
SM
MD
LG