Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйини аъзои ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Тунис


Бо гузашти чаҳор ҳафта аз ошӯбҳои мардумӣ, ки Зайнулобиддин Бин Алӣ, раиси ҷумҳури Тунис, аз тарси онҳо кишварашро тарк кард, ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис шуд. Муҳаммад Ғанушӣ, нахуствазири Тунис, ки ҳукумати навро муаррифӣ кард, гуфт, ӯву вазирони дифоъ, умури дохила, умури хориҷа ва молия дар мақомҳояшон мемонанд, вале намояндагони мухолифин ҳам ба ҳукумат шомил шудаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон боқӣ мондани аъзои ҳукумати пешин, шояд мардумро ноумед кунад, ки бо тазоҳуроти густурда, Зайнулобиддин Бин Алиро аз мақомаш барканор карданд. Дар нооромиҳои Тунис то кунун 78 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG