Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2010 соли боздошти тундравон дар Тоҷикистон?


Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, гуфт, соли гузашта дар кишвар тақрибан 160 нафарро бо гуноҳи тундгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд, ки назар ба соли 2009 панҷ баробар зиёдтар аст. Соли 2009 дар Тоҷикистон танҳо 37 нафар бо гуноҳи ифротгароии исломӣ ба зиндон андохтаанд. Нусратулло Абдуллоев афзуд, 135 нафар бо гуноҳи узвият дар созмони ифротгарои Ҳизб–ут-Таҳрир ва 23 нафар бо гуноҳи пайравӣ ба ҷараёни Салафия маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG