Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Викиликс "асрори" бонкҳоро ба даст овард


Як бонкдори собиқи Швейтсария дирӯз аснодеро ба торнамои ифшогари Викиликс супурд, ки ба гуфтаи ӯ, сарпечии баъзе тоҷирони маъруф ва вакилони мардумӣ аз пардохти молиётро собит мекунад. Рудолф Элмер, корманди собиқи бонки Ҷулиус Байер, ки дар Швейтсария қароргоҳ дорад, гуфт, дар он санадҳо исмҳои баъзе аз ҳунармандони шинохта, тоҷирону вакилон аз Амрико, Бритониё ва Осиё зикр шудааст. Ҷулиан Ассанж, муассиси Викиликс, ба Рудолф Элмер барои талошҳояш ҷиҳати пардапардорӣ аз усулҳои машкуки низоми молӣ аҳсан гуфт, вале афзуд, чанд ҳафта зарур аст, то ин аснод дар торнамои Викиликс нашр шаванд.
XS
SM
MD
LG