Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири собиқи дифоъи Қирғизистонро асабонӣ карданд


Исмоил Исҳоқов, вазири собиқи дифоъи Қирғизистон, мегӯяд, кумиссиёни ҳукуматиеро ба додгоҳ хоҳад кашид, ки заминаву сабабҳои низоъи хунин миёни қирғизу ӯзбакҳоро таҳқиқ кард. Генерал Исҳоқов гуфт, хулосаи ин кумиссиён, ки ӯро яке аз масъулони нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон донистааст, “бофтаву бепоя” аст ва ба шаъну эътибори ӯ латма мезанад. Ӯ, ки ҳоло вакили порлумон аст гуфтааст, аз шаъну эътибораш дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард. Исмоил Исҳоқов дар замони раёсати ҷумҳури Роза Отунбоева, вазири дифоъ ва намояндаи хос дар ҷануби Қирғизистон буд. Дар низоъҳои хунини моҳи июни соли гузашта дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод беш аз 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG