Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се тарафдорони мухолифин дар Белорус


Мақомоти интизомии Ҷумҳурии Белорус, ce нафар аз фаъолони мухолифини давлатро бо иттиҳоми гирдиҳамоии ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Иван Стасюк, Юрий Бакура, Виктория Ҳришанава дар шаҳри ғарбии Берастсе варақаҳоеро тақсим мекарданд, ки дар онҳо бо даҳҳо нафар аз тарафдорони боздоштшудаи мухолифин ҳамраъйӣ баён шудааст. Ин афродро рӯзҳои 19-20 декабр баъди тазоҳуроти баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳури боздошт карданд, ки дар он Александр Лукашенко, дигарбора пирӯз шуд. Ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ ин интихобот олуда ба тақаллуб ва ғайридемократӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG