Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср ва дар Мавритания 2 кас худсӯзӣ карданд


Бино ба гузоришҳо, имрӯз ду мард худро дар Миср ва дар Маритания ба нишонаи эътироз бар зидди сатҳи поини зист оташ задаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки ин ду ҳодисаи аз ҳам ҷудо, яке дар назди бинои порламони Миср дар Қоҳира ва дигарӣ дар назди Кохи раёсати ҷумҳурии Мавритания сурат гирифтааст. Ин ду ҳодиса ба худсӯзии марде дар Тунис шабоҳат дорад, ки боиси оғози тазоҳуроти эътирозӣ ва шӯриши норозиёни сисёсӣ шуд ва саранҷом Зайналобиддин-раиси ҷумҳури Тунис баъд аз 23 соли раёсат аз кишвар фирор кард.
XS
SM
MD
LG