Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис тазоҳуроти Тунисро пароканда кард


Нируҳои амниятии Тунис барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон дар пойтахти ин кишвар аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода карданд. Пулис барои пароканда кардани садҳо нафар тазоҳуркунандагон вориди амал шуд. Тазоҳурот дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки интизор мерафт имрӯз Муҳаммад Ғанушӣ-нахуствазир аъзои ҳукумати ваҳдати миллиро эълон кунад. Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳур Зайналобиддин баъд аз 23 соли раёсат аз Тунис фирор кард.
XS
SM
MD
LG