Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон


Дар Душанбе дар рӯзи аввали ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегузарад, натиҷаҳои иҷрои барномаҳои ҳукумат дар соли гузашта ва барномаҳо барои соли оянда баррасӣ шуд. Имрӯз дар ин ҷаласа раиси кумитаи амният, раиси ожонси зидди фасод, вазири кишоварзӣ, вазири саноат, ширкати давлатии "Талко" ва додситони кулл дар бораи фаъолияти солонаи худ гузориш доданд. Бисёре аз таҳлилгарон тавассути матбуоти маҳаллӣ мегӯянд, имкон дорад чун солҳои пеш дар ин ҷаласа низ тағироти кадрӣ дар таркиби ҳукумат сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG