Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ як сокини деҳаи Эсизи Болои ин ноҳияро бо ҷурми он, ки монеи таҳсили фарзандонаш шудааст, 3500 сомонӣ ҷарима кард.

Дар мурофиаи додгоҳӣ Нурмуҳаммад Ғаффуров, падари даҳ фарзанд, гуфтааст, ки ҳукми додгоҳро ноадолатона мешуморад, чунки нодориву дасткутоҳӣ ӯро маҷбур кардааст, монеи таҳсили фарзандон шавад.

Ин аввалин ҳодисае нест, ки додгоҳ волидонро барои садди роҳи таҳсили фарзандон шудан маҳкум мекунад. Соли 2010 додгоҳи Кӯлоб се хонаводаро бо ҳамин ҳукм ҷаримабандӣ карда буд. Тибқи иттилои расмӣ, агарчи дасти кам даҳ мавриди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани волидон ба қайд гирифта шудааст, шумори атфоли дур аз мактаб дар Тоҷикистон ҳоло ба панҷуним ҳазор нафар мерасад.

Нодорӣ – сабаби тарки мактаб

Сарвиноз, яке аз он духтарони наврас аст, ки баъди хатми синфи шаши мактаби миёна бо сабаби нодории хонавода мактабро тарк кардааст. Ҳоло ӯ бо таассуф мегӯяд, агар шароит дигар мебуд, мехост баъди хатми мактаб табиб шавад.

Ӯ мегӯяд: «Мехоҳам, ки ду соли дигар хонам, шавҳарам намедиҳанд ҳоло. Вале чӣ кор кунем, мактаб дур аст гуфта, ба мо иҷоза намедиҳанд, ки он тарафи деҳа равем. Бачаҳои ҳамсояҳоямон мехонанд».

Хонум Ҳанифаи 40-сола ошкоро гуфт, ки бо сабаби кутаҳдастӣ тасмим гирифтааст, як духтарашро баъди синфи панҷум ва духтари дигарашро баъди хатми синфи ҳафтум аз таҳсил нигоҳ дорад. Хонум Ҳанифа мегӯяд, шумори хонаводаҳое, ки аз тангдастӣ намегузоранд фарзандонашон таҳсил кунанд, кам нестанд.

Ӯ мегӯяд, ки бо маоши ночиз кӯшиш кардааст, ҳади ақал духтари дуввумаш аз таҳсил дур нашавад, аммо мувафақ нашудааст.

Таъсири манфии манъи сатр

Низорамо Сармадова, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, мегӯяд, ки соли хониши ҷорӣ шаш шогирди ӯ бесабаб таҳсилро тарк кардаанд. Ӯ меафзояд, сабаби аз мактаб ду мондани наврасон танҳо хоҳиши падару модар нест. Дар баъзе ҳолатҳо зери таъсири ақоиди мазҳабӣ духтарҳои шогирди мадрасаҳо бо хоҳиши худ аз мактабҳои дунявӣ рӯ мегардонанд.

Вай гуфт: «Духтароне, ки ба мактаб барнагаштанд, падаронашон намехостанд, ки духтаронашон бидуни сатр ба мактаб раванд».

Дар ҳоле, ки вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани волидонро дар чунин ҳолат як амри муассир медонад, таҳлилгарон онро зери шубҳа мебаранд. Фаридуни Раҳнавард, хабарнигори тоҷик, бар ин назар аст, ки ҷазо додани сарони хонаводаҳои камбизоат як амали ноодилонаву ғайрибашарӣ аст.

Ӯ гуфт: «Хонандагоне, ки мактаб мераванд, шояд сабабҳои камбизоатӣ, равонӣ, саломатӣ ва молиявӣ дошта бошанд. Бо ҷаримабандӣ ба беҳтаршавии сифати таълиму тарбия ва фарогирии хонандагон ба мактаб мусоидат карда намешавад. Роҳҳои дигарро бояд ҷӯст».

Соҳибназарон мегӯянд, ки на аз роҳи муҷозот, балки аз роҳи тарғиби мактабу маориф, талқини таҳсил метавон мушкилро ҳал кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG