Пайвандҳои дастрасӣ

Диктатори собиқи Ҳаитӣ баъд аз 26 сол ба ватан баргашт


Жан Клод Дувалйер-диктатори собиқи Ҳаитӣ ғайримунтазира ба ватанаш баргашт. Вай соли 1986 аз кишвар фирор карда буд. Дувалйер баъд аз бозгашт гуфт, вай мехоҳад дар барқарории харобиҳои заминларзаи соли гузашта дар Ҳаитӣ саҳм бигирад. Вай соли 1986 дар натиҷаи шӯриш ва зери фишори Амрико Ҳаитиро тарк карда буд. Дувалйер ва ҳамроҳонаш барои ришваситонӣ ва мадуд кардани озодиҳои инсон муттаҳам шуда буданд.
XS
SM
MD
LG