Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи Ленинро аз шаҳри Хуҷанд мебардоранд


Бино ба хабари Итар-ТАСС, дар шаҳри Хуҷанд-маркази вилояти Суғд бузургтарин муҷассамаи Владимир Ленин-поягузори ҳуукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистонро мегиранд ва дар ҷои он муҷассамаи Исмоили Сомониро мегузоранд. Дар ин бора Содиқҷон Мирхолиқов-шаҳрдори Хуҷанд хабар додааст. Вай гуфтааст, ба ҷои муҷассамаи 36 метраи Ленин ба ҳамин андоза муҷассамаи поягузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад. Шаҳри Хуҷанд дар солҳои Шӯравӣ номи Ленинро дошт, яъне Ленинобод буд.
XS
SM
MD
LG