Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзномаи Олмон аз WikiLeaks мақолае чоп кард


Имрӯз як рӯзномаи Олмон аз қавли сомонаи WikiLeaks навиштааст, хадамоти махфии Амрико Туркияро ба унвони пойгоҳе барои ҳамлу нақли афроди машкук ба терроризм истифода кардааст. "Die Welt" як номаи электронии сафорати Амрико дар Анкараро аз моҳи июни соли 2006 нақли қавл кардааст. Ин рӯзнома аз қавли WikiLeaks навиштааст, 24 парвози Дафтари марказии кашф ё Си Ай Эй аз соли 2002 то соли 2006 дар ҷануби Туркия дар фурудгоҳи Инҷирлик ба замин нишастааст. Аммо Анкара инкор кардааст, ки дар ин кор даст надорад.
XS
SM
MD
LG