Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Эстония ба сомонаҳои мухолифони Беларус


Урмас Пает-вазири корҳои хориҷаи Эстония гуфт, ки ҳукумати ин кишвар метавонад коршиносони интернетиро дар ихтиёри ҳизбҳои сисёсии мухолифони давлати Беларус бигзорад, то онҳо сомонаҳои интернетии худро битавонанд ҳимоя кунанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки президент Алесандр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус ба ҳизбҳои сисёсии мухолиф ва матбуоти мустақил фишор меорад. Урмас Пает -вазири хориҷаи Эстония гуфт, кишвараш ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки визаро барои шаҳрвандони маъмулии Беларус ройгон кунад.
XS
SM
MD
LG