Пайвандҳои дастрасӣ

Оё манфиати ману хонаводаи маро дар маҷлиси вакилони мардумии Қӯрғонтеппа ҶИНОЯТКОР ҳимоя мекунад?

Дар як ҳафтаи ахир ин савол маро ором намегузорад. Давоми ҳафтаи корӣ бо манобеи хабарии худ дар додситонии вилояти Хатлон тамос гирифтам, то ки аз ягон парвандаи хабарсоз матлабе иншо кунам. Намояндаи додситонӣ бо як оҳи сабук, гуфт, ки ҳанӯз ҳам ҷиноятҳои вобаста ба замин дар «мӯд» аст, ҳарчанд солона даҳҳо ва шояд садҳо парвандаи ҷиноятӣ дар ин робита боз мешавад.

Аммо ин хабар ки дар миёни 82 нафари мансабдор, ки бинобар содир кардани ҷиноёти вобаста ба замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ҳамчунин Шамсулло Раҷабалиев низ ҳаст, барои ман такондиҳанда буд.
Шамсулло Раҷабалиев кист? Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони Қӯрғонтеппа мебошад, ки номзадиашро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ пешбарӣ кардааст.

Аммо барои ман муҳимтар ин аст, ки дар интихоботи моҳи феврали 2010 раъйи худро ба ҷонибдории маҳз Раҷабалиев додаам. Яъне амалан, ӯро намояндаи худ ва фарзандони худ дар маҷлиси вакилони Қӯрғонтеппа интихоб кардам.

Ҳоло додситонӣ мегӯяд, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст!!!
Пас, вакили ману ҳаммаҳаллаҳоям ҷинояткор аст???

Акнун ба худ меандешам, ки чаро дар интихобот ба ҷонибдории Раҷабалиев овоз дода будам?! Шояд барои он ки рақиби вай одами тамоман ношинос буд ва он номзад аслан худаш ҳам талоши депутатшавӣ надошт? Бале.

Аммо дар бораи Раҷабалиев ҳам раъйдиҳанда маълумоти кофӣ надошт, ҷуз ин ки вай муовини шаҳрдори Қӯрғонтеппа аст. Фақат умед буд, ки вобаста ба мақомдориаш шояд дасташ ба ҳалли баъзе аз мушклоти рӯзгори мардум мерасад.

Боз мегуфтанд, ки Раҷабалиев кадом як хеши наздики Амиршо Миралиев, собиқ раиси вилояти Хатлон (феълан – муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ), ё ҷияни вай асту хоҳ-нохоҳ вакил мешавад.
«Депутат одамест, ки набояд соҳиби сарвату пул бошад, то ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор нагирад. Аммо пулу сарват ба вай зарур аст, то ки депутат шавад…»

Ин андешаи як дӯсти деринаам аст, ки дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010-ум, шӯхиомез гуфта буд.
Аммо русҳо воқеан рост мегуфтаанд, ки «ҳар шӯхӣ заррае ҳақиқат ҳам дорад».

Дар интихобот дар баробари вакили ман Раҷабалиев, даҳҳо нафари дигар ба маҷлисҳои вакилон роҳ ёфтанд, ки на ҳамаашон шоиста буданд. Далели ин даъво ҳам ин аст, ки танҳо дар зарфи 10 моҳи фаъолияти вакилӣ 19 намояндаи мардум даст ба ҷиноят задаву алайҳи онон парвандаҳо боз шудааст.

Ё масалан, Шарифхон Самиев, собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик», ки барои фаъолияти ғайриқаноатбахши ниҳоди таҳти раҳбариаш ҳамеша аз сӯйи мардум, расонаҳои хабарӣ ва худи Президенти кишвар танқид мешуд, дар моҳи январи соли гузашта мири шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд. Аммо дар моҳи феврал сокинони маркази маъмурии илояти Хатлон Самиевро «гӯё» вакили худ дар 2 маҷлис – маҷлиси вакилони халқи Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб карданд. 90%-и раъйдиҳандаҳо!

Шарифхон Самиев барои вакил шуданаш бояд аз обрӯву нуфузу шӯҳрати худаш дар миёни мардум сипосгузор шавад, ё аз ҲХДТ, ё аз «Криша»-и худ?! Охир, вай дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо нашрияе бебокона изҳор ҳам дошта буд, ки «Криша»-и ман аввал Худо ва баъд Ҷаноби олӣ аст!»

Поёни ин ҳафта боз як хабар нашр шуд, ки додгоҳи ноҳияи Бохтар гунаҳкории Сайвалӣ Нуров, собиқ вакили Маҷлиси намояндагонро дар латукӯби раиси қитъаи интихоботии №20 дар ноҳияи Вахш тасдиқ карда, ӯро тибқи моддаи 237-и кодекси ҷиноятӣ, яъне авбошӣ, ба муҷозот кашид.

Ин ҷо ҳам парадокс: Дар интихоботи ахир Нуровро ҲХДТ дастгирӣ накард, ҳарчанд вай узви ҳамин ҳизб аст. Ҳизби ҳоким хусури вай – Абдуҷалол Салимовро номади худ эълон карду «ҷанҷол» сар шуд. Дар натиҷа Нуров, ки 5 сол пеш 92 фоизи раъйи мардумро ба даст оварда буд, ин дафъа ҳамагӣ бо 16 фоизи овозҳо ҷойи сеюмро дар ҳавзаи Вахш ба даст овард! Ин ҳол гувоҳи чӣ буда метавонад?

Боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи вакилони мардумӣ бояд нахуст барои худи онҳо ҳамчун ШАРМ пазируфта шавад. Шояд ин ҳол гувоҳи он ҳам аст, ки мардум (мисли ман) ҳам вакилони худро ношинохта интихоб кардаанд, ба онҳо “овозҳо”-и худ, тақдири рӯзгори худро барои панҷ соли оянда бовар кардаанд. Агар гуноҳи онҳо дар додгоҳ исбот нашавад ҳам, бояд чунин вакилон аз ҳаққи вакилӣ ва аз мақомҳои худ дар ҳукумат барканор карда шаванд. Зеро эътимоди мардум ба онҳо коста мешавад.

Вакил бояд нафари фориғ аз масъулияти давлатӣ бошад, бояд ҳамеша кори ҳукумати маҳаллиро наззора карда тавонад, идея пешниҳод кунад, арзу доди мардумро ба ҳукумат расонад ва аз мавқеи интихобкунандаи худ ҳифз карда тавонад.

Фикр мекунам, ҳизбҳо ба вакилии мардумӣ набояд кормандони масъули ҳукуматҳо ва мансабдоронро пешбарӣ кунанд. Зеро, таҷриба нишон медиҳад, ки афроди мансабдор асосан барои он вакил мешаванд, ки аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ барои 5 соли давраи вакилӣ бархӯрдор гарданд.

Ё шояд вақти он аст, ки дар қонунгузорӣ тағйирот ворид шуда, ҳамин ҳуқуқи “дахлнопазирӣ” танҳо ба вакилони касбӣ, намояндагони мардум дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ бархурдор шаванду бас. Зеро ҳоло ки ҳатто ҳар як ҷамоат маҷлиси вакилон дорад, амалан, садҳо ва шояд ҳазорҳо нафар вакили “дахлнопазир” ҳастанд ва худро дар ин мақом роҳат эҳсос мекунанд.

Борҳо шуда, ки маҷлисҳои маҳаллӣ ба прокуратура иҷоза надодаанд, то алайҳи вакиле парванда боз кунад. Ин ҳам як садде дар роҳи пешгирӣ аз ҷиноят ё муҷозоти одамони мансабдор барои аъмоли ғайриқонуниашон мебошад.

Депутат агар «дахлПазир» бошад, дигар мансабдорон талоши зиёд барои соҳиби курсии вакилӣ шудан нахоҳанд кард. Зимнан, шанси одамони поккору беғараз барои намояндаи мардум интихоб шудан меафзояд.
Аммо акнун, саволи дигаре маро азият медиҳад: агар интихоботи миёнадаврӣ баргузор шавад, ба ҷойи вакили собиқ Раҷабалиев ба кӣ бояд овоз диҳам? Ин Раҷабалиев ҳам бо хоҳиши худаш аз мақоми вакилӣ дар маҷлиси маҳаллӣ даст кашидааст. Касеро напурсид. На маро – ҳамчун интихобкунанда ва на онҳоеро, ки ба ҷонибдории ӯ раъй дода буданд!

Акнун гумонам он аст, ки ин дафъа ҳам нафаре номзадии худро пешбарӣ накунад, ки касе ӯро нашиносад. Ва кӣ кафолат дода метавонад, ки вакили ояндаи мо ҳам ҷиноят намекунад?!

Ё ин дафъа ба касе раъй надиҳам, то кӣ оянда дар пеши виҷдон азоб накашам?

Шумо чӣ мегӯед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG