Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози сокинони маҳаллаи Иппадром дар назди шаҳрдорӣ


Имрӯз даҳҳо нафар сокинони маҳаллаи Иппадроми Душанбе даст ба тазоҳурот заданд ва аз шаҳрдорӣ хостанд, ки онҳоро бо манзил таъмин кунад. Бино ба нақшаҳои шаҳрдорӣ, хонаҳои онҳо дар ин маҳалла тахриб ва дар ҷои он Наврӯзгоҳ ва роҳи мошингард бунёд мешавад. Сокинони маҳалла бо чунин тасмими шаҳрдорӣ роизианд, вале мегӯянд, шаҳрдорӣ бояд бо назардошти нуфуси аъзои хонавода ба онҳо хона диҳад. Шаҳрдории Душанбе ба 57 хонаводаи маҳаллаи Ипподром дар ивази тахриби манозилашон дар маҳаллаҳои Зарафшон, Мардон ва Дӯстӣ хонаҳоеро аз биноҳои баландошёна ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG