Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳуд Барак Ҳизби Коргари Исроилро тарк кард


Эҳуд Барак-вазири дифои Исроил имрӯз эълон кард, ки Ҳизби Коргарро тарк мекунад. Вай аз соли 2007 ба ин сӯ раҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда дошт. Эҳуд Барак гуфт, сабаби чунин тасмимаш он аст, ки вай бо номи "Истиқлол" ҳизби дигаре ташкил медиҳад. Чаҳор нафари дигар аз намояндагони порламони Исроил ба ҳизби нав хоҳанд пайваст. Ҳизби Коргар дар эътилофи ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу севвумин ҳизби бузург ба шумор меравад. Радиои Исроил аз қавли нахуствазир гуфтааст, ки чунин тасмими Эҳуд Барак суботро дар эътилоф таъмин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG