Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаласаи солонаи ҳукумат дар Душанбе идома дорад


Дар Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон идома дорад. Дар ин ҷаласа, ки зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегузарад, натиҷаҳои иҷрои барномаҳои ҳукумат дар соли гузашта ва барномаҳо барои соли оянда баррасӣ мешавад. Дар ин ҷаласа ба ҷуз аз аъзои ҳукумат раҳбарони вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон низ даъват шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон тавассути матбуоти маҳаллӣ мегӯянд, имкон дорад чун солҳои пеш дар ин ҷаласа низ тағироти кадрӣ дар таркиби ҳукумат сурат бигирад ва бисёре аз нокомиҳо дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ ё бахшҳои дигар дар давоми сол ба чунин раҳбарони барканоршуда иртибот дода мешавад.
XS
SM
MD
LG