Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш дар равобити Афғонистон ва Эрон


Тазоҳурот алайҳи ҷилавгирии Эрон аз убури мошинҳои маводи сӯхт ба хоки Афғонистон аз Кобул ба Ҳирот кӯчид.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, рӯзи якшанбе ҳудуди 300 тан аз мардуми Ҳирот бо дар даст доштани порчаи навиштаҳое бо шиори « Марг бар Эрон» ва дар ҳоле, ки санг ва тухм дар даст доштанд, пас аз роҳпаймоӣ дар хиёбонҳои Ҳирот, дар муқобили консулгарии Эрон дар Ҳирот даст ба тазоҳурот заданд.

Ин дар ҳолест, ки эътирозгарон дар Ҳирот рӯзи шанбе низ барои ибрози нориятии худ аз банд мондани мошинҳои маводи сӯхт дар марзи Эрон ва Афғонистон тавассути Эрон, муқобили консулгарии Эрон дар Ҳирот гирдиҳам омада буданд.

Бо таҷаммуи мардуми Ҳирот дар муқобили консулгарии Эрон, дар рӯзҳои шанбе ва панҷшанбе низ, садҳо нафар дар Кобул дар эътироз ба ин масдудсозӣ ва ҳамчунин бархурди «номуносиб»-и Эрон бо муҳоҷирони афғон, дар муқобили сафорати Эрон дар Кобул даст ба тазоҳурот зада буданд.

Ба дунболи ин иқдом, Теҳрон зимни эътироз ба ин тазоҳурот, сафири Афғонистон дар Эронро низ ба вазорати хориҷа фаро хонд.

Анварулҳақ Аҳадӣ, вазири тиҷорати Афғонистон
Бар пояи гузоришҳои манобеи афғон, Эрон беш аз як моҳ аст, ки аз вуруди ҳудуди ду ҳазор мошинҳои маводи сӯхт ба хоки Афғонистон ҷилавгирӣ ба амал оварда аст ва ба гуфтаи Анварулҳақ Аҳадӣ, вазири тиҷорати Афғонистон, дар ҳоли ҳозир рӯзона танҳо 60 мошин маводи сӯхт иҷозаи доранд аз марзи ду кишвар вориди Афғонистон шаванд.

Оқои Аҳадӣ ҳамчунин бо ишора ба инки ҳудуди 60 дарсад аз сӯхти мавриди ниёзи Афғонистон аз марзи хокии Эрон вориди Афғонистон мешавад, афзуд: «Мутаваққиф кардани мошинҳои сӯхт мушкилоти бисёр ва ҳамчунин бӯҳрониро дар заминаи арсаи сӯхт дар Афғонистон эҷод кардааст.»

Пештар Афғонистон эълом карда буд, ки Эрон ба далели эҳтимоли истиифода аз ин сӯхтҳо тавассути нерӯҳои НАТО, аз вуруди ин мошинҳо ҷилавгирӣ ба амал овардааст.

Эътирозгарон дар Ҳирот
Ин дар ҳолес ки Эрон мегӯяд «кунд шудан»-и воридоти сӯхт ба Афғонистон ба «далоили техникӣ» вобаста ба субсиди(ёрона)энержӣ аст ва меафзояд, ки ин масъала дар дасти баррасӣ аст.

Муовини раиси ҷумҳури Афғонистон чанде пеш бар сари таваққуфи ин мошинҳо бо Теҳрон вориди музокирот шуд ва эълом кард, ки дар гуфтугӯҳо бо мақомоти Эрон ба онҳо итмиънон додааст, ки ин сӯхт танҳо масрафи шаҳрвандӣ дорад ва Эрон низ бо вуруди сӯхт ба Афғонистон мувофиқат кардааст. Бо ин ҳол вазири тиҷорат Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, ки ин мушкил ҳамчунон ба қуввати боқӣ аст.

Ройтерз меафзояд, ки ин масъала бар қимати сӯхт дар Афғонистон таъсир гузошта ва дар бархе манотиқ қимати сӯхт то 35 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир Афғонистон барои таъмини сӯхт, ба Қазоқистон рӯи оварда ва хостори хариди фаврии 200 ҳазор тон сӯхт аз ин кишвар шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Аҳадӣ, ширкатҳои хусусии нафтӣ низ дар талош ҳастанд то бо ширкатҳои нафтии Русия вориди муомила шаванд.
XS
SM
MD
LG