Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар назди кохи раиси ҷумҳури фироркардаи Тунис


Бино ба гузоришҳо, дар назди кохи раиси ҷумҳури Тунис, воқеъ дар 15-километрии пойтахти ин кишвар тирандозӣ идома доштааст. Хабаргузориҳои “Ассосиейтед Пресс” ва “Ройтер” навиштаанд, ки ҷанг миёни сарбозони артиш ва горди миллии Тунис сурат гирифт, ки ба Зайнулобиддин Бин Алӣ вафодор будаанд. Дар хабарҳо омадааст, тирандозии шадид ва мудавом аз маҳалҳои атрофи кохи раиси ҷумҳур ба гӯш мерасад. Телевизиони давлатии Тунис пештар аз ин эълом кард, ки нерӯҳои амниятӣ, шоми дирӯз чанд фарди мусаллаҳро дар шаҳри Тунис куштаанд.
XS
SM
MD
LG