Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияҳои Ҳу Ҷинтао дар остонаи сафараш ба Амрико


Дар остонаи сафараш ба Вашингтон Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин, гуфт, кишвараш ва Амрико “масоили ҳассос” ва ихтилофоте доранд, ки бояд ба таври муносиб рафъ шаванд. Дар посух ба суолҳои рӯзномаҳои "Washington Post" ва "Wall Street Journal", Ҳу Ҷинтао бидуни ишора ба мавзӯъи хосе гуфтааст, Чину Амрико дар муносиботашон бояд роҳи ростро пеш гиранд. Ӯ дар робита ба танишҳо миёни Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолӣ гуфтааст, ба шарофати “талошҳои муштараки Чин ва тарафҳои дигар” ҳоло он ду кишвар "оромтар" шудаанд. Ҳу Ҷинтао фардо 18 январ вориди Амрико хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG