Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони қирғиз хостаанд, дар порлумон ибодатгоҳ боз шавад


Турсунбек Охун, кафили ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон, мегӯяд, мухолифи ифтитоҳи ҳуҷраи махсуси намозгузорӣ дар порлумони кишвар аст. Турсунбек Охун ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ, гуфт, он вакилони порлумон ки ҳафтаи пеш чунин пешниҳод кардаанд, саъй доранд, то аз ин роҳ дар миёни пайравони ислом дар Қирғизистон маҳбубият пайдо кунанд. Ӯ гуфтааст, худаш ҳам намоз мегузорад, вале чун Қирғизистон кишвари дунявӣ эълом шудааст, аз ин рӯ бар асоси қонун набояд дар порлумон ибодатгоҳ ҷой дода шавад.
XS
SM
MD
LG