Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи намоишҳои эътирозӣ дар Урдун


Дар шаҳри Уммон, пойтахти Урдун, беш аз се ҳазор фаъолони иттиҳодияҳои синфӣ, исломиҳо ва намояндагони аҳзоби чапгаро алайҳи сиёсати иқтисодии кишвар эътироз карданд. Онҳо бо шиори “Дурӯғ бас аст, мо оянда надорем!” дар канори бинои парлумон ҷамъ омада, аз сарвазир давъат намуданд, ки ба садои мардум гӯш бидиҳад.
Ҳамзамон тақрибан 50 тани дигар дар канори бинои сафорати Тунис дар Уммон ҷамъ омада, изҳор намуданд, ки инқилоби Тунис дар дигар кишварҳои минтақа паҳн хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG