Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди дипломатҳои хориҷӣ аз корхонаи Натанз


Дипломатҳои хориҷӣ дар дуввумин рӯзи боздид аз таъсисоти ҳастаии Эрон аз корхонаи ғанисозии ураниум дар шаҳри Натанз дидан карданд. Аз ин пеш онҳо бо таҷҳизоти корхонаи ҳастаии Арок ошно шуда буданд.
Алӣ Асғар Султонӣ, намояндаи Эрон дар Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ дар шаҳри Натанз ба хабарнигорон гуфт, ин боздид собит намуд, ки ҳақиқати ҳол дар бораи барномаи ҳастаии Эрон аз сӯи ИМА ва чанд кишвари дигар мунҳариф шудааст.
Боздиди дипломатҳо аз таъсисоти ҳастаии Эрон рӯзи шанбе шурӯъ шуд. Намояндагони Русия, Чин ва Иттиҳодияи Аврупо даъвати Теҳрон барои ин боздидро рад карданд.
Қарор аст, ки охири ҳамин моҳ дар шаҳри Истамбули Туркия даври навбатии музокироти Эрон ва панҷ кишвари узви доимии СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эрон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG