Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотили насрониҳо маҳкум ба эъдом шуд


Додгоҳи Миср як сокини кишварро барои куштори шаш масеҳӣ ба эъдом маҳкум кард. Ин ҷиноят даҳ рӯз пеш дар канори калисои насронӣ дар деҳаи Наго Ҳамадӣ, воқеъ дар ҷануби кишвар, рӯх дода буд. Он вақт аз тири афроди мусаллаҳ як корманди полис ҳам кушта шуда буд. Ҳукми ду нафари дигар аз ҳамлагарон ҳафтаи оянда эълон хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи якуми январ дар як ҳамлаи маргталабона дар канори калисои насрониҳо дар шаҳри Александрия 21 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуда буданд. Ин ҳодиса боиси сару садои зиёд шуд ва, аз ҷумла, Попи Рум Бенедикти 16 аз сарони кишварҳои аврупоӣ хост, ки аз аққалиятҳои масеҳӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ҳимоят кунанд.
XS
SM
MD
LG