Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори боз як автобус дар Афғонистон


Дар вилояти Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, бар асари инфиҷори бомби канори роҳ нӯҳ сокини осоишта кушта шуданд. Муншӣ Абдул Маҷид, волии Бағлон, ба хабаргузории ДПА гуфтааст, ки дар ин ҳодиса шаш зан ва як тифл ҷон бохтаанд. Автобусе, ки ба шаҳри Шаҳобуддин сафар мекард, дар канори Пули Хумрӣ, маркази Бағлон, ба минаи сари роҳ бархурдааст.
Дар ҳамин гуна ҳодиса дар яке аз роҳҳои вилояти ҷануби Ҳилманд шаш нафар кушта шуда, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG