Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” аз ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳалли қазияи онҳо дахл мусоадат кунанд.

Аъзои ин кумита, ки аз 14 нафар иборат буда, аз 683 тан намояндагӣ мекунанд, дар номаи худ ба раҳбарони аҳзоб навиштаанд, ки “бо сабабҳои номаълум мӯҳри корхонаро барнамегардонанд, то ширкат ба фаъолияти худ оғоз кунад.”

«Тавсия»-и Додситонии кул ба ширкат

Ба навиштаи онҳо, “ҳарчанд Ҷӯрбаек Охунов, раҳбари ширкати “Мовароуннаҳр” ба бародараш барои идомаи фаъолияти ин ширкат ваколатнома додааст, вале мақомоти додситонӣ пешниҳод кардаанд, ки ин ширкат таҳти назари додситонӣ ва ё ҳар ширкати сохтмоние, ки онҳо тавсия медиҳанд, фаъолият намояд.”

Меҳралӣ Сабзалиев, узви Кумитаи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр”, ба Озодӣ гуфт, муроҷиати онҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муштариёни ин ширкат ба ниҳодҳои давлатӣ бенатиҷа буда, акнун аз аҳзоби сиёсӣ, ки дар интихоботҳо ба ҷонибдории онҳо раъй додаанд, кӯмак мехоҳанд.



Оқои Сабзалиев мегӯяд, бо дахолати аҳзоб бояд ширкати “Мовароуннаҳр” ба фаъолияти худ шурӯъ кунад, то муштариён бовар ҳосил кунанд, ки маблағашон “намесӯзад” ва онҳо соҳиби манзил хоҳанд шуд.

“Мехоҳем, ба мо кӯмак кунанд, то дар шахсияти дигар кас ҳам бошад ширкат фаъолияташро оғоз бикунад ва манфиати мардум дар ҷои аввал бошад”,
-афзуд ӯ.

Кумитаи муштариёни ширкати “Мовароуннаҳр” дар пайи боздошти раҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов дар оғози моҳи ноябри соли гузашта таъсис ёфт, то аз бесарумонӣ миёни муштариён ҷилавгирӣ кунад.

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, талош хоҳад кард, то ҳуқуқи муштариёни "Мовароуннаҳр" ҳимоят шавад
Ваъдаи аҳзоби сиёсӣ ба муштариёни «Мовароуннаҳр»


Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, то қадри тавони худ ба мушкили ин афрод, ки бо умеде охирин маблағашонро барои соҳиби манзил шудан ба ин ширкат додаанд, расидагӣ хоҳанд кард.

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, низ мегӯяд, бо вуҷуди он ки то ҳол муроҷиати муштариёни «Мовароуннаҳр»-ро дарёфт накардааст, вале талош хоҳад кард, то ҳуқуқи ин гурӯҳи сокинон ҳимоят шавад.

Аммо кӯмакхоҳии Кумитаи муштариёни ширкати «Моваруннаҳр» дар ҳолест, ки як моҳ ба ин сӯ тафтиши ин корхона аз сӯйи маъмурони додситонӣ идома дорад.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, низ гуфтааст, боздошти Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ин ширкат, дар пайи қарздории он аз бонкҳо ва номаи шикоятии гурӯҳи бузурги муштариёни «Мовароуннаҳр» дар бораи фиребу тақаллуби ӯ сурат гирифтааст.

“Мо ҳисоб кардем, зиёда аз 500 муроҷиат аст, ки бояд ба онҳо манзил дода шавад. Лекин ҳамон биноҳое, ки ширкат нимашро сохтааст, ба онҳо намерсад. Аз ин рӯ, фиреб кардан, қаллобӣ мувофиқи санҷишҳои пешакӣ дар кирдори ӯ ҷой дорад. Бинобар ин, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”, -афзуд ӯ.

Ҷурабек Охунов, раиси ширкати "Мовароуннаҳр" ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад
Охунов: «Аз касе наметарсам ва муттаҳам нестам»


Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати “Мовароуннаҳр”, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад, дар як номаи худ ба унвони расонаҳо даст доштанаш дар фиребу тақаллубро радд кардааст.
Вай дар номаи худ навиштааст: “Аввалаш ин ки Охунов боздошт нашудааст. Охуновро фарёд карда, маҳкам намуданд. Ӯ мақсади гурехтан надошт. Аз ягон касе наметарсам ва муттаҳам нестам.”

Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ин ширкат, ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз дувуним миллион сомонӣ қарздор аст.
Аммо чизе, ки муштариёни ин ширкатро нигарон кардааст, сарнавишти пули онҳост, ки мабодо рӯзи сиёҳи муштариёни “Мӯҳрабизнес”-и Ҷамшед Сиёевро ба сари онҳо наорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG