Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мексика як сарвари полиси маҳаллӣ рабуда шуд


Дар аёлати Веракрус, воқеъ дар шимолу шарқи Мексика, яке аз раҳбарони полиси маҳаллӣ Раул Эспиноза ва муҳофизи ӯ рабуда шуданд. Гурӯҳи афроди мусаллаҳ онҳоро дар шаҳри Бока-дел-Рио боздошт карда бо худ бурдааст. Сабабҳои ин ҳамла ва сарнавишти рабудашудагон маълум нест. Як рӯз пеш дар ин аёлат бар асари бархӯрди кормандони хадамоти амниятӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир 14 нафар кушта шуда буданд.
Веракрус яке аз аёлоти нисбатан ороми Мексика маҳсуб мешуд. Тайи чаҳор соли ахир дар Мексика бар асари задухӯрдҳои миёни нерӯҳои ҳифзи тартибот ва қочоқбарони маводи мухаддир беш аз 34 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG